Арзёбии мутахассисон
Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии рушди Тоҷикистон ба шумор рафта, ташкил ва ба роҳ мондани чунин тарзи истеҳсолот - таҷрибавӣ-истеҳсолӣ яке аз қадамҳои устувор баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад. Чуноне, ки мушоҳида кардем ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти дорувори хуб ба роҳ монда шуда, дар он талаботи меъёрии истеҳсоли дорувори пурра риоя шудааст. Ин ҳолат кафолати бехатарии истеҳсоли дорувори мебошад.
Маҳсулоти истеҳсолкардаи Коргоҳи истеҳсоли дорувории Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз нуқтаи экологӣ тоза буда, аз гиёҳҳои шифобахши табобатии Тоҷикистон таркиб ёфтаанд. Мо низ дар навбати худ тавсия медиҳем, ки аз маҳсулоти дорувории Парки технологии ДМТ, таҳти назорат ва тавсия духтур, истифода намоед.
Ба аҳли ташкилкунандагон, истеҳсолчиён ва омузгорону муҳасиллини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, махсусан Праки технологии он дар ташкил ва ба роҳ мондани чунин тарзи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ барори кор, саломатии бардавом ва ҳимматбаландиро таманно дорем.